Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бинои нави таълимӣ барои 300 хонанда ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт  бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, ки аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Ширинхуҷа Асланов сохта  шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд.

Бинои нави муассиса  дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 300 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардид, ки дорои синфхонаҳои фаннӣ ва компютерӣ мебошад.  Синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардида, хонандагон аз он самаранок истифода менамоянд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  соли 2023 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №70 деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти  Б.Раҳимзода, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №82  деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Н.Махсум, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №104 деҳаи Сари шухони Ҷамоати деҳоти Аскалон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 деҳаи  Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 деҳаи  Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ва муассисаи таҳсилоти  умумии асосии №86 деҳаи  Қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо  572 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин дар соли нави таҳсили 2023-2024 биноҳои иловагӣ ва асосии муассисаҳои таълимии №22 дар деҳаи  Ҳоити Ҷамоати деҳоти  Ҳоит барои 250 хонанда, №77 деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти  Оби меҳнат барои 120 хонанда, №18 деҳаи  Яшми Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №46 деҳаи  Ғаввосиёни Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 192 хонанда, №39 деҳаи  Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман барои 192 хонанда, №7 деҳаи  Шулмаки Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода барои 240 хонанда ва №38 деҳаи  Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон барои 144 хонанда ба истифода дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт