Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд

Дар гузаргоҳи сарҳадии «Кокул», воқеъ дар ноҳияи Фархор иншооти замонавии дидбонгоҳи  гумрукии наздисарҳадии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ба истифода супоридани иншооти нав муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Изатулло Ҳурматзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел иштирок намуданд.

Иншооти замонавии дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар заминаи лоиҳаи «Рушди ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон» бо дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии JICA ба маблағи 1,8 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур  ба баланд гардидани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ мусоидат менамояд.

Иншооти тозабунёд дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» барои кормандон муосиртарин таҷҳизот, шароити будубош, санҷишу азназаргузаронӣ ва назоратӣ муҳайё намуда, бо истифода аз он услуб, сатҳу сифати хизматрасонии гумрукӣ ҳангоми воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт, бақайдгирӣ ва дигар хизматрасонӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад.

Чунин тадбир дар доираи ҳадафҳои рушд бо мақсади таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи сарҳад ва масъалаҳо дар самти рушди иқтисодӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ амалӣ шуда, барои фаъолияти бозорҳои фаромарзӣ низ шароит муҳайё менамояд.

Дар доираи марҳилаи навбатӣ дар ин дидбонгоҳ дигар инфрасохтори зарурии хизматрасонӣ бо такя ба технологияҳои пешқадами рақамӣ муҳайё мегардад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон