Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об Фестивали оби Душанбе доир мегардад

Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,   шоми 6 июн дар Боғи фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ  «Ховар» дар котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».

Ҳадафи асосии  баргузории  Фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи арзиши об ҳамчун сарвати  ҳаётан муҳим, аҳамияти муносибати эҳтиёткорона ба об ва ҳифзи он барои наслҳои оянда мебошад.

Баргузории фестивал ба муаррифии  сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафта дар пешбурди масоили об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар барномаи он намоиши ҳунарҳои миллӣ ва эҷодиёти мардум, таомҳои миллии тоҷикон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, навъҳои гуногуни оби ошомиданӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзида ва санъаткорони шинохтаи  кишвар пешбинӣ шудааст.

Баргузории Фестивали оби Душанбе  имкон медиҳад, ки меҳмонон   бо таърихи бою қадимӣ, фарҳанг, ҳунар,  анъана ва зиндагии мардуми тоҷик шинос шаванд.

АКС: АМИТ  «Ховар»