Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ синфхонаи лингофонӣ таъсис дода мешавад

«Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ синфхонаи лингофонӣ таъсис дода мешавад. Таъсиси ин синфхона зимни вохӯрии ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвақтзода бо устодону кормандони факултети филологияи рус баррасӣ шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва зарур аст дар заминаи факултет синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ ташкил шавад. Гуфта шуд, ки таъсиси ихтисоси русӣ-англисӣ дар факултет баҳри амалӣ гардидани иқдоми мазкур саривақтӣ мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро муҳим арзёбӣ намуд.

Ректори донишгоҳ баҳри беҳтар намудани самтҳои гуногуни фаъолияти факултет, аз ҷумла самтҳои илм, таълим, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ба аҳли факултет дастурҳои мушаххас дод.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон