Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ва бо мақсади ба истифода додани Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус намояндагони ин кишвар ба ДМТ ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии Марказ Вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Ҷумҳурии Белорус Сергей Бартош, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон, роҳбарияти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ меҳмонон аз тамошои дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти Парки технологии донишгоҳ шинос шуданд.


Зимнан ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи факултети муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус инчунин, ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф таклифу пешниҳодҳои судманд намуд. Таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус ҳамкории судманд дорад ва дар доираи ин ҳамкорӣ факултети муштараки ДМТ бо МТО Беларус аз соли 2015 фаъолият мекунад.

Сипас меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуда, бо тамоми маводи дар он маҳфуз буда ошноӣ пайдо карданд. Меҳмонон ба сохт ва маводи ҷамъоваришудаи Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон