Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Беларус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва бахшҳои хусусии ду ҷониб иштирок намуданд.

Ҷаласа таҳти ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош доир шуд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, тайёр намудани кадрҳои комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Қисми расмии ҷаласа бо баимзорасии 13 санади дуҷониба – созишномаҳои ҳамкорӣ ва қарордодҳо оид ба воридоти маҳсулот ба маблағи беш аз 16 миллион доллари ИМА ба анҷом расид.

АКС: АМИТ «Ховар»