Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид

Имрӯз дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ҳамоиш таҳти унвони «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 10 кишвари ба мо дӯст, роҳбарони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва сармоягузорон иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши мазкур иброз гардид, ки дар шароити тағйироти глобалӣ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ як унсури муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ин сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Ба Тоҷикистон имконият дода шудааст, то ки муколамаи сармоягузориро дар комплекси агросаноатӣ роҳбарӣ намуда, имкониятҳои васеи пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкориро ба соҳаи истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза муаррифӣ намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 млн. сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 24,1 млн доллари ИМА содирот карда шудааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки нишасти имрӯза ба раванди самараноки соҳибкорию сармоягузорӣ дар соҳаи агросаноатии Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

АКС: АМИТ «Ховар»