Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе масъалаи тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея, инчунин таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея дар соли 2021 то ба 40,9 млн. доллар расид. Ин нукта дирӯз, зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Юн Сок Док баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  хабар доданд, зимни вохӯрӣ тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода   зикр  намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта истодаанд.

Дар вохӯрӣ, ки дар фазои  дӯстона ва якдигарфаҳмӣ  баргузор шуд, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ намудани Низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Тарафҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуда, ҷониби тоҷикистонӣ умедвори дастгирии минбаъдаи ҷониби кореягиро вобаста ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо изҳор намуд.

Дар фарҷоми суҳбат  мусоҳибон  омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ