Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Ереван ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мешавад

ДУШАНБЕАМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Ереван таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз котиби матбуоти СААД Владимир Зайнетдинов (ДАР АКС) хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ки вазирон вазъи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ намоянд.

«Ба аъзои Шӯро дар бораи корҳое, ки Котибот ва Ситоди муштараки СААД ҷиҳати такмили механизми вокуниш ба буҳрони созмон дар воқеияти геополитикии муосир анҷом медиҳанд, маълумот дода мешавад», — афзуд номбурда.

Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи корҳои анҷомдода оид ба такмили механизми вокуниш ба буҳрони созмон дар воқеияти геополитикии муосир маълумот хоҳад дод.

СААД созмони байналмилалии амниятӣ буда, феълан шаш кишвар, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти СААД