Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба омӯзиши китоби «Тоҷикон» ҳамоиш гузаронида шуд

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиши омӯзиши китоби Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон” баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар  ҳамоиш олимону донишмандон, кормандони дастгоҳи марказии Федератсия, кумитаҳои соҳавӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

​Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода роҷеъ ба шоҳасари олими маъруфи тоҷик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” иброз дошт, ки “Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвияти маорифу фарҳанг, худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.  Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он  ба ҳар оилаи кишвар иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад. Ҳоло китоби “Тоҷикон” китоби рӯимизии ҳар оилаи Тоҷикистон гаштааст. Ба ибораи дигар, китоби “Тоҷикон»-шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик аст”. ​

Дар ҳузури иштирокчиён устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфулло Муллоҷон ва устоди Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Ализода оид ба аҳамияти беназири ин асар дар ташаккули тафаккури миллӣ ҳарф зада, бобҳои алоҳидаи онро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зикр шуд, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст. Дар ҳақиқат ҳам Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон шинос кард. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад.

Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи тоҷик аст. Бо итминон гуфта метавонем, ки номи неки ин абармарди таърихнигори халқу миллат то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Акс: ФИКМТ