Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар филиалҳои «Амонатбонк» самтҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Дар  филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯриҳо бо кормандони бонк дар вилоят пайваста таъкид карда мешавад, ки мақсад ва вазифаҳои асосии амалисозии стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ба рушди арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.

Ба таъкиди иштирокчиёни вохӯриҳо  воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия- ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия ва баланд бардоштани фаъолнокии кормандон дар мубориза бо коррупсия мебошад.

Вобаста ба тартиб ва дар амал иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии  Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои соли 2023 аз кормандони филиалҳои «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур мунтазам  даъват ба амал оварда мешавад.

                                                                             АКС аз манбаъҳои боз