Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашнвораи 2500 -солагии ёдгории таърихии Шаҳристони Тахти Сангин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат  хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар ҷаласа  оид ба ёдгориҳои фарҳангиву  таърихии  тоҷикон маърӯзаи пурмуҳтаво  намуда, гуфт, ки  Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

АКС: Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон