Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Хатлон рафти татбиқи лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баррасӣ шуд

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ ва субъекҳои соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон дар доираи «Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва тақвияти ҳамкорӣ суҳбат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Таъкид шуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) вилояти Хатлонро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд. Чанд лоиҳае, ки дар якҷоягӣ татбиқ мегарданд, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят нигаронида шудаанд.

Директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай иброз дошт, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми босазо гузорад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иштироки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла амалӣ намудани лоиҳаи CАSА-1000 намунаи ин ҳамкории судманд арзёбӣ намуд.

Соли 2020 «Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ гардид, ки ба рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд саҳми арзанда мегузорад. Ин Стратегия дар асоси се поя тасдиқ шудааст, ки таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ; мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор; дастгирии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои суст тараққикарда аз ҷумлаи ин ҳадафҳо ҳастанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки БАТР дар доираи лоиҳаҳои худ дар самти беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва Ёвон кумак намуда истодааст.

Жунанна Харгитай иброз дошт, ки БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз Барномаи маблағгузории иқтисоди «сабз» II дар Тоҷикистонро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА оғоз менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

Пас аз мулоқоти расмӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» шинос шуданд. Ин лоиҳа ҳоло дар шаҳри Бохтар ба маблағи 9,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, дар арафаи анҷом қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон