Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар шафати шоҳроҳҳои Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд беш аз 35 қуттии оҳанини турӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шуд

Бо иқдом ва ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қуттиҳои оҳанини турӣ сохта шуда, дар шафати шоҳроҳҳо, боғҳо ва нуқтаҳои сераҳолӣ насб карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ин тадбир бо мақсади саҳмгузорӣ дар беҳдошти муҳити зист, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи партовҳои пластикӣ, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон андешида шудааст.

Ҳоло дар шоҳроҳҳои Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд беш аз 35 қуттии оҳанини тӯрӣ гузошта шудааст. Дар оянда насби даҳҳо чунин қуттиҳо баҳри ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ дар назар дошта шуда, беш аз 140 қуттӣ дар маконҳои  серодами вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе давра ба давра насб хоҳанд гардид.

Иқдоми мазкурро сокинони мамлакат дастгирӣ намуда, онро ҳамчун василаи пешгирӣ аз паҳншавии зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қад-қади роҳ ва ҷӯйборҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд, арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ сабаби фоҷиаи воқеии экологӣ гардидаанд: дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ иборат мебошанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбир андешад.

Моҳи марти соли 2022 Ассамблеяи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) қатъномае қабул намуд, ки он дар ояндаи наздик ифлосшавии табиат бо маводи пластикӣ ва партовҳои онро манъ менамояд. Ин қатънома даъват менамояд, ки  давоми даҳ соли оянда истифодаи пластмасса дар 170 кишвари ҷаҳон манъ шавад. Тибқи пешгӯиҳо, бе тағйироти глобалӣ истеҳсоли маводи пластикӣ то соли 2040 ду баробар бештар хоҳад шуд, ки боиси афзоиши назарраси партовҳо дар уқёнус то соли 2050 мегардад.

Дар ин замина масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳо дар марҳилаҳои аввал ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият дода, ба роҳ мондани коркарди партовҳои пластикиро дар Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, зеро қисми зиёди партовҳои мамлакати моро маводи пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд. Миқёси ифлосшавии муҳити зист аз маводи пластикӣ дар ҷаҳон воқеан нигаронкунанда мебошад, чунки дар ҷаҳон аз миллиардҳо тонна пластикае, ки ҳар сол истеҳсол мегардад, танҳо 14%-и он коркард мешавад.

Ин ташаббус қобили дастгирӣ аст ва месазад онро яке аз лоиҳаҳои хурд ва хеле муҳиму самарабахш дар ҳаракати ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист шуморид. Ҳамзамон аз он метавонанд дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳру навоҳии мамлакат ба таври васеъ истифода намоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон