Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Суғд 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд

Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд. Айни замон дар вилоят 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2022 бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар вилоят як қатор корхонаву коргоҳҳои нав, аз ҷумла корхонаи маъдантозакунии ҶСП «ТАЛКО Голд» (ноҳияи Айнӣ), корхонаи ҶДММ «Органик-Ян-2» (ноҳияи Ҷаббор Расулов), коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Хишти аълосифат», корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина-К», коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд», коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К», корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ «Ориён Пак» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва коргоҳи истеҳсолии «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш», коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб», коргоҳи қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара», корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ «Дурахшон-Бӯстон», коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» (Бӯстон), корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз», корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан», коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом», фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Конибодом-паранда» мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин бояд илова намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз