Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Тоҷикистон ҳавои ғуборолуд то 24 июл боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат чангу ғубор ворид шудааст, ки то 24 июл идома меёбад.

Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Тибқи маълумоти озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз 14 июл пай дар пай 2 маротиба зиёд шудани нишондиҳандаҳои «хокбориш» мушоҳида шуд, ки мавҷи дуюми он шуруъ аз 17 июл, соати 06:00 ба фазои Тоҷикистон ворид гардида, аз  19 июл авҷ гирифтааст (расми 1).

Расми 1. Динамикаи ғафсии оптикии атмосфера дар моҳи июли 2023

Тибқи маълумоти таҳлилӣ, масири тӯфонҳои чангӣ барои баландиҳои: 500м, 1000 м ва 1500м – аз биёбони Аралқуми баҳри хушки Арал, биёбонҳои Қизилқум ва Қароқум дар шарқи баҳри Каспий мегузарад. Барои муайян кардани масири баръакси олудагии атмосфера маълумот аз системаи HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectorymodel)-и лабораторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanicand Atmospheric Administration) [URL: http:// ready.arl.noaa.gov/HYSPLIT.php] гирифта шуд (расми 2).

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то сатҳи 3.8 километр ба қайд гирифта шуд.

Директори Институти физикаю техника  Фарҳод Шокир иброз дошт, ки «таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнин – арсен ва синк ба миқдори наздик ба қимати миёна ва унсурҳои дигар, ба монанди сурб, мис, никел, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 10 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуд мебошанд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд.

Идомаёбии хокбориш боз 1-2 рӯз пешбинӣ мешавад. Дар чунин рӯзҳо ба нафароне, ки ба бемориҳои қалб, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифтор мебошанд, тавсия дода мешавад, ки дар хона қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

«Тавре, ки дар ҳисоботи қаблӣ ёдрас шудем, манбаъҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор, новобаста аз он ки аз куҷо сарчашма мегиранд, ҳамон нуқтаҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар он масир паст (ба сатҳи Замин) фаромадааст ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меоянд»,- гуфт Фарҳод Шокир.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров