Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва соҳибкорон таъсис ёфт

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис доани ниҳоди Омбудсмени соҳибкорӣ дар ниҳоди худ шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкоронро таъсис дод. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Иброз гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳамкорони рушд фаъолиятро дар самтҳои мазкур густариш дода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар дастгоҳи Ваколатдор 2 шуъбаи нав- шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкоронро таъсис дода, фаъолияти мунтазами онро ба роҳ мондааст.

Иттилоъ дода шуд, ки новобаста ба муҳлати кӯтоҳи ба фаъолият оғоз намудани шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда истодааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»