Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Даванди австралиягӣ Мина Гули дар Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос шуд

4 июн даванди австралиягӣ Мина Гули ва ҳамроҳонаш ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КМО хабар доданд.

Абдулло Раҳмонзода меҳмонро хайрамақдам гуфта, ба ӯ барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми Мина Гули – ташкили марафонҳои дав – дар баробари ҷалби аҳолӣ ба проблемаҳои об, ҳамчунин боиси рушди варзиш, хусусан варзиши сабук дар Тоҷикистон мегардад.

Зимни суҳбат Мина Гули аз шароит, имкониятҳо ва табиати нотакрори Тоҷикистон, ки давоми чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори кишвар дидан кард, бо як таассуроти нек ёдовар гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса ба Президенти мамлакат ва халқи меҳмоннавози тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд.


Мина Гули гуфт, ки варзишгар нест, аммо тавассути варзиш мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро ба проблемаҳои об ҷалб намояд.

Баъд аз мулоқот меҳмонон дар Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос гардида, Мина Гули ба китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Ба Мина Гули ҳамчун рамзи хотирот туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди «Thirst» (Ташнагӣ) мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.

Ӯ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об соли 2023 дар Ню-Йорк давоми як сол 200 марафонро дар саросари ҷаҳон ба нақша гирифтааст. Марафонҳо 22 марти соли 2022 аз Австралия оғоз гардида, 22 марти соли 2023 дар Ню-Йорк ба анҷом мерасад.

Дар Тоҷикистон аз 15 май то имрӯз 10 марафон (ҳар марафон 42,2 километр) доир карда шуд. 9 июн як марафони дигар дар самти Душанбе-Ваҳдат (минтақаи Ромит) баргузор хоҳад шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон