Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонон аз шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат чун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд

Барои омода  намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» мехонанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки қисми зиёди онҳо дар рӯзи аввали  маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мегарданд. Дар ин хусус омӯзгори  Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода Умед Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки «аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 190 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис-ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил доранд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирмоҳӣ дар шаҳри Турсунзода нақши асосӣ мегузоранд».

Ҳамчунин мувофиқи иттилои масъулини  шаҳри Ваҳдат, тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 30 нафар даъватшаванда ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 240 нафар даъватшавандагон  дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн қарор доранд.

Онҳо ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»