Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро иҷро намуд

ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ онро пурра иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят хабар медиҳад.

Ҷавонони синни даъватии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳамзамон ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд ва хештаншиносу содиқи Ватан маҳсуб меёбанд, ихтиёран бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан намуда, имрӯз дар шаҳри Хоруғ ботантана дар фазои идона ва дар маросими расмӣ ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Ба ин муносибат аз майдони Парчами давлатии шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, роҳпаймоӣ оғоз гардида, то макони баргузории чорабинии тантанавӣ — Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ идома ёфт.

Сипас тантанаҳои идонаи нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо табрикоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва чорабиниҳои фарҳангии санъаткорони Бадахшонзамин баргузор гардид.

Зимнан, ҷавонони даъватӣ ва волидайни онҳо дар ин маросим суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза чун аҷдодони хирадманду қаҳрамонони миллати тоҷик мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан медиданд. Зеро хизмат ба Ватан ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби бузурги ҷавонмардиву садоқат ба Ватан низ мебошад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ