Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Доир ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон машварат баргузор шуд

2  июн дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ оид ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон машварат баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар он муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, намояндагони вазорату идораҳо, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони истироҳатгоҳҳо иштирок намуданд.

З.Абдулзода зикр кард, ки ҳар сол тибқи анъана бо назардошти истироҳати комил, инкишофи неруи эҷодӣ, солимгардонии кӯдакону наврасон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба тасвиб расида, мавриди амал қарор мегирад.

Истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ дорои имконияти васеъ буда, барои кӯдакон хеле фоидабахшанд, зеро дар он шаклҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла фаъолияти маърифатӣ, бадеӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва фароғатӣ амалӣ мегарданд. Ин имконият медиҳад, ки кӯдакону наврасон худро дар тамоми самтҳои ин фаъолият санҷида, натиҷаҳои онро муқоиса карда, афзалиятнокиашонро интихоб намоянд.

“Соли равон низ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрел «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои он фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 май «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2022» имзо шуд. Тибқи фармоиши мазкур, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявие, ки ошхонаи ҷавобгӯй ба талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, барои кӯдакон ва наврасон фароғатгоҳҳои истироҳатӣ-таълимии рӯзонаи солимгардонӣ ташкил намоянд”, — зикр кард З.Абдулзода.

Дар ҷараёни машварат намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Хадамоти назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ЮСАИД сухан гуфтанд.

Мувофиқи маълумот ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 4 истироҳатгоҳ, ВМКБ 7 истироҳатгоҳ, вилояти Хатлон 7 истироҳатгоҳ, ноҳияҳои тобеи марказ 17 истироҳатгоҳ, вилояти Суғд 19 истироҳатгоҳ, дар маҷмуъ, 54 истроҳатгоҳи беруназшаҳрӣ мавҷуд аст. Дар назар аст, ки тобистони соли равон истироҳат аз 2 то 4 баст ташкил карда шуда, мавсими фарогирии кӯдакону наврасон ба басти якуми истироҳат дар вилояти Суғд аз 10 июн ва дар дигар минтақаҳо аз 15 июн дар назар дошта шудааст.

Соли 2021 дар ҷумҳурӣ 3555 истироҳатгоҳ, аз ҷумла 34 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1195 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 490 истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ, 1403 истироҳатгоҳи фароғатӣ-таълимӣ, 347 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ, 43 истироҳатгоҳи солимгардонӣ, 42 истироҳатгоҳи наздиинтернатӣ ва 1 истироҳатгоҳи санаторӣ фаъолият намуданд.

Шумораи умумии истироҳаткунандагон 253 077 нафарро ташкил дода, аз ин 98 275 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, 18 429 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, 9904 нафар дар истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ, 112 247 нафар дар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ-таълимӣ, 8604 дар истироҳатгоҳҳои варзишӣ-беҳдоштӣ, 245 нафар дар истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, 2 963 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздиинтернатӣ ва 2 410 нафар дар истироҳатгоҳҳои берун аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дам гирифтанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ