Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон операи «Рӯдакӣ»-ро намоиш доданд

Дар Театри давлатии  академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 31 май  аз ҷониби студияи операвии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов операи «Рӯдакӣ» намоиш дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишнома аз 2 парда ва 5 намоиш иборат буда, муаллифони либретто С. Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд, ки донишҷӯёни Консерватория  онро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуданд.

Басаҳнагузорандаи намоиш Манучеҳр Раҳмонов, дирижёр Алишер Солиҳов, омӯзгори синфи операвӣ Шарифбек Баротов ва консертмейстр Лола Раҷабова мебошанд.

Донишҷӯёни Консерватория бо як маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуда, хотири иштирокчиёну ҳаводорони мусиқии операвиро шод гардониданд.

Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон