Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия баррасӣ гардид

25-27 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вилояти Новосибирск бо шахсони расмии вилоят мулоқот анҷом дода, маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла, дар мулоқот бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Ҳамзамон ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Илова бар ин бо мақсади табодули таҷриба байни табибони минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск масоили марбут ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла дорусозон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба мавзуи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Новосибирск тамаркуз намуданд.

Дар зимн ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ибрози назар намуданд.

Зимни мулоқот Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Наҷмиддин Имомзода ба Губернатори вилоят расман муаррифӣ гардид.

Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Новосибирскро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2023», ки 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқот ба рушди ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо Раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот масъалаи таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирскро мавриди баррасӣ қарор дод. Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ибрози назар намуданд.

Тибқи хоҳиши фаъолони диаспораи тоҷикон дар хусуси ҷудо намудани замин  барои сохтани Маркази фарҳангии тоҷикон суҳбат ороста шуд.

Сафири Тоҷикистон ва Раиси Иттиҳодияи «Палатаи савдо ва саноати вилояти Новосибирск» Сергей Алтухов аҳаммияти истифодаи имконияти мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод таъкид намуданд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Новосибирск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ шуд.

Дар идомаи мулоқот мусоҳибон масъалаи ба роҳ мондани табодули таҷриба байни доираҳои тиҷоратии минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирскро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии саноатӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили марбут ба иштироки доираҳои тиҷоратии Новосибирск дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2023» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон перомуни масъалаи омода намудани мутахасиссони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуда, дар зимн  аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити муҳайёшуда барои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо донишҷӯён нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ шарҳ дод.

Инчунин зимни суҳбат ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон  истифода баранд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия