Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ба роҳбари фонди мазкур лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) пешниҳод гардида, дархост карда шуд, ки фонди мазкур барои маблағгузории онҳо мусоидат намояд.

Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузорӣ дар  сохтмони НБО-и «Роғун» изҳор  намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон