Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Франсис Малиж: «Низоми бонкии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гардидааст»

Вазъи кунунии бахши молиявӣ, низоми бонкии мамлакат ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Франсис Малиж дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки БАТР бо бахши низоми бонкии мамлакат дар ташкили машғулияти бозомӯзӣ барои иштирокдорони бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ менамояд, ки он барои пешрафти иқтисодии ҷумҳурии мо муҳим мебошад.

Мусоҳибон доир ба оғози марҳилаи дуюми маблағгузории иқтисоди “сабз”, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имконияти рушди устувори бозори суғурта дар Тоҷикистон, сармоягузории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ҳавасмандии Бонки миллии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо БАТР мубодилаи афкор намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкории судманд дар оянда омодагии худро баён доштанд.

Директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Франсис Малиж гуфт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гардидааст.

Мавсуф ҳамчунин аз ҳамкории мутақобилаи судманди бисёрсолаи БАТР бо низоми бонкии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки БАТР бо истифода аз имконияти мавҷуда дар амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахшҳои суғурта ва низоми пардохт, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии рақамии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» муҳимияти он бештар гардид, кумакҳои техникӣ мерасонад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон