Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок менамояд

Аз 3 то 8 октябр дар шаҳри Мински Беларус  Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ рақибони дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон  дастаҳои  мунтахаби наврасони Русия (3 октябр), Беларус (5 октябр) ва Қирғизистон (8 октябр) хоҳанд буд.

Мусобиқаи рушди УЕФА дар Беларус аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон