Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сурия дар мавриди баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи 1 июн дар Дубай баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай тими миллии Тоҷикистон ба Бишкек рафта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони тими мо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд.

Акс: ФФТ