Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии рафиқона бо дастаи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд ғолиб гардид

Шоми дирӯз  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  байни дастаҳои футболи «Пахтакор»-и шаҳри  Тошканд ва чемпиони Тоҷикистон-  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бозии рафиқона дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус  шореҳи  варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дастаи футболи «Пахтакор»-и шаҳри  Тошкандро  бо  ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Дар вохӯрӣ голҳои  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанберо  Артур Карташиян (дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра) ва Сенин Себай (дар дақиқаи 78-ум) ба  нишон  расониданд.

                                                  АКС аз бойгонӣ