Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ғайриқонунӣ бо худ гирифтани силоҳи сард ҷиноят аст! Зимни амалиёти шартии «Корд» як далели қонуншиканӣ ошкор шуд

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» зимни пешбурди корҳои санҷишӣ як далели бо худ гардонидани силоҳи сардро муайян намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Зимни баргузории амалиёти «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Зарипов Завқибек Давлаталиевич, санаи таваллудаш 30.11.1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир ва аз ӯ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ӯ санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.

АКС: РВКД дар ш. Душанбе