Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Ба таври махсус ҳифз гардидани он дар Тоҷикистон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисони соҳа дарак медиҳад

 Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид. Конфронси мазкур  29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб идома ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаву агентиҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хоҷагиҳои гӯсфандпарвар ва шавқмандони соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки мавзеи  Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб табиати зебо дошта, аз ҳар тараф дарëчаҳо ҷорӣ шуда, якҷо мешаванд ва дар маҷмуъ ба дарëи шуху пуртуғёни Варзоб ҳамроҳ мегарданд. Сарчашмаи ин обҳои мусаффо  пиряхҳои қуллаи Зиддеҳ мебошанд. Дар кӯҳҳо алафҳои серғизо барои чорво мерӯянд. Ҳамин аст, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чорвои хурд барои чаронидан, албатта, дар мавсим ба ин ҷо оварда мешавад.

Интихоб гардидани ин мавзеъ барои гузаронидани қисми конфронси байналмилалии илмиву амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» бесабаб набуд, зеро дар тобистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ асосан дар ҳамин мавзеъ нигоҳ дошта мешавад.

Иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои мамлакат дар ин конфронс аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва муаррифии он ҳамчун бренди миллӣ, инчунин такмил додани зоту зиëд намудани саршумори он дарак медиҳад. Ҳамзамон ҳузури олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварӣ аз тамоми давлатҳои ҷаҳон омили муҳим дар такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ, яъне тоҷикӣ ва муаррифии нақши он дар офаридани зоту типҳои нав мебошад.

Гӯсфанди зоти ҳисорӣ сирф тоҷикӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфанд барои гӯшту равған парвариш  мешавад. Гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон мебошад. Гӯсфанди ҳисориро дар водии Ҳисор ба вуҷуд овардаанд. Аз он ҷо рамаҳои чунин гӯсфандонро барои фурӯш ба бозори шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Қаршӣ ва ғайра мебурданд. Гӯсфанди ҳисорӣ нисбат ба дигар гӯсфандони дунбадор калонҷусса буда, сару баданаш пурра ва қаду басташ зебо аст; зуд калон ва фарбеҳ мешавад ва ба шароити кӯҳистон мутобиқ мебошад. Шох надорад, устухони биниаш барҷаста, гӯшаш калони овезон, тахтапушташ рост, гардану пойҳояш дароз, рангаш сиёҳ, бӯр ва сурхи зардча мешавад. Қади қӯчқораш (то сари дӯш) 80-85 см (баъзан то 1 м, вазнаш 120-140, баъзан то 195 кг) мешавад. Қади меши гӯсфанди ҳисорӣ то 75-80 см расида, вазнаш ба 80-85 кг баробар мегардад. Вазни зиндаи барраи навзоди ин зот 5-7 килограмм, вазни барраҳои 5-моҳа 40-50, баъзан то ба 55-60 килограмм мерасад. Ин гӯсфанд дар 18-моҳагӣ 70-90 килограм вазн мегирад. Дунбаи меши гӯсфанди ҳисорӣ андаряк 10-12 ва қӯчқораш 18-20 килограмм, баъзан мувофиқан то 35 ва 55 килограмм вазн мегирад. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш мешавад.

Солҳои 1950-60 — уми қарни гузашта гӯсфанди ҳисориро барои беҳтар кардани зоти гӯсфандони маҳаллии узбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ истифода бурда, дар Тоҷикистон зоти нави гӯсфанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд.

Рамаҳои хушзоти гӯсфанди ҳисорӣ дар ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд парвариш мешаванд. Саршумори беҳтарини ин зот дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Файзободи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Фархор парвариш меёбанд. Инчунин гӯсфанди ҳисорӣ дар хоҷагии зотпарварии «Бойсун»-и ноҳияи Шерободи Ҷумҳурии Узбекистон парвариш мешавад.

Гӯсфанд ҷонваре аст, ки ягон узви он исроф намегардад. Барои саноати сабук аз гӯсфандон пашм, мӯина ва пӯст мегиранд.  Дар баъзе мамлакатҳо аз шири гӯсфандон сир, чакка, айрон ва қаймоқ мегиранд. Сифати чунин маҳсулот назар ба маҳсулоти ҳайвоноти дигар, аз ҷумла гов якчанд маротиба беҳтар аст.

Мақсад аз баргузор намудани Конфронси байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмил додани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» таҳлил ва инъикоси мавод оид ба вазъи имрӯзаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, натиҷаҳои бадастомада дар самти беҳтар намудани сифатҳои ирсӣ ва маҳсулнокӣ, истифодаи оқилона, васеъ намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфандон ва дар ин замина таҳияи нақшаҳои стратегияи рушди устувори соҳа бо дарназардошти дастовардҳо ва таҷрибаҳои пешқадами илм ва амалия мебошад.

Ҷолиби диққат ин буд, ки зимни намоиш гӯсфанде муаррифӣ гардид, ки се барра таваллуд намудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст амамлӣ намудани парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба даст овардани натиҷа ва манфиати хуб имконпазир аст.

Олимону мутахассисони хориҷӣ бар он назар мебошанд, ки роҳҳои рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши гӯсфанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили мулоҳиза ва таҳсин аст. Махсусан ҳифз гардидани гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар мамлакати мо аз ҳисси баланди масъулияти ҳар масъули соҳа дарак медиҳад.

Муаррифии гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар фазои кушод басе диданӣ ва ҳаловатбахш буд ва ҳар нафар аз иштирок дар ин конфронс хушҳолу болидахотир гардид.

Ногуфта намонад, ки дар мавзеи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб рушди дигар самтҳои соҳаи кишоварзӣ низ имконпазир мебошад. Аз ҷумла, парвариши занбӯри асал мувофиқи мақсад аст ва маҳз ҳамин имконият аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва дигар занбӯрпарварони мамлакат ба таври васеъ истифода гардида истодааст. Хоҷагидорон дар ҳар гӯша оилаҳои занбӯри асалро гузошта буданд. Иброз гардид, ки аз табиати ин мавзеъ бо назардошти мавҷуд будани гулу гиëҳҳои зиëди серғизо истеҳсол намудани асали сифатнок имконпазир аст.

Дар ҷамъбасти конфронс як зумра олимон, хоҷагиҳои гӯсфандпарвар, гӯсфандпарварони алоҳида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 София ШОИК,
Душанбе-Варзоб-Душанбе
 

АКС: АМИТ «Ховар»