Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд

 Ширкати туристии  Русия «Ин Раша  Тревел» тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Директори генералии ширкати туристии Русия «Ин Раша  Тревел»  Алексей Плюшев, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии «Душанбе-инвест 2023» бо ҳайати баландпояи соҳибкорону сармоягузорони Русия ба Тоҷикистон омадааст,  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар доираи сафар ба Тоҷикистон  бо чандин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мулоқот доштам, ки он барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат менамояд».

Директори  генералии ширкати туристии «Ин Раша  Тревел» Алексей Плюшев афзуд, ки «Тоҷикистон барои Русия яке аз бозорҳои дастрас дар самти густариши сайёҳӣ  маҳсуб мешавад, зеро байни ду давлат  танҳо дар як рӯз чандин парвози ҳавоӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом дода мешавад. Рисолати тиҷоратии ман ба он равона  шудааст, ки барои сайёҳати дуҷониба  самтҳои нави сайру саёҳат, пешкаш намоям».

Мавсуф афзуд, ки  «Форуми байналмилалии Душанбе- инвест 2023», ки дар он беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз 40 давлати дунё иштирок доранд, майдони фарохе аст  барои  ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ҷалби сармоя,  рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»