Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд

28 сентябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷониби Қатар омодагии худро барои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон, сайёҳӣ, шаҳрсозӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок баён намуд.

Ҷониби Қатар иттилоъ дод, ки ҳайати мутахассисонро барои омӯзиши лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон то моҳи ноябри соли равон ҷалб намуда, худи ҷаноби Файсал баҳори соли 2024 ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеъ барои сармоягузорон мебошад.

Соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергияи «сабз», авиатсия ва инфрасохтори он, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, содирот, логистика ва сайёҳӣ ҳавасманд мебошанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо