Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 миллион долларро ташкил дод

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобилаи Тоҷикистон ва Олмон дар моҳҳои январ-июни соли равон 93,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 миллион доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс иттилоъ дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ изҳор гардид, ки бо дарназардошти захираву имконияти васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар шавад.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Зимни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба боз ҳам тақвият  додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои иброзгардида баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон