Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд

Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ба Туркия сафар кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ҳадаф аз сафари ҳайат ба Туркия ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул буда, зимни он намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид мекунанд ва бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои зикршуда, инчунин дар шаҳрҳои Анталия ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳри Қайсарӣ бизнес — форуми байниминтақавӣ ва мулоқот бо соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд