Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ҳамкории шаҳрҳои Душанбе ва Минск дар самти саноатикунонии босуръат густариш меёбад

«Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе — 2023 мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Александр Черников баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрҳо, бахусус вобаста ба таъмини иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои баимзорасида байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск сухан гуфтанд.

Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки пойтахт аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоду таклифҳои асоснок манзур шуд.

Инчунин масъалаи воридоти шакар аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» барои эҳтиёҷи сокинони шаҳри Душанбе мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск оид ба густариши ҳамкории судманд доир ба саноатикунонии босуръат, бахусус дар соҳаҳои саноати маъдан ва сабук ибрози назар намуд. Ҳамзамон ҷиҳати табодули таҷриба дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои савдою тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, ҳушмандсозӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтор изҳори омодагӣ гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе