Tajikistan

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 1936 нафар расид

9 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 207 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Бино ба итилои манбаъ, то ин дам 1936  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.Тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

То 19 майи соли равон дар мамлакат  3781 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Football news:

Klopp on Henderson's injury: I don't know for sure yet, something's wrong with my knee. All we know is that it's not a small thing
Pavlyuchenko is seventh in the ranking of Tottenham's best forwards in the 21st century. Kane is the first (Squawka)
Manchester City made 93.7% of accurate passes in the match against Newcastle. This is an APL record
Ole Gunnar Solskjaer: 16 games unbeaten give confidence, but it is not something that Manchester United should aspire to
Havertz wants to go to Chelsea, he likes the project. Werner persuades him to go
Real Madrid has received almost 250 million euros from sales of Academy students over the past 4 years
Manchester United have started negotiations with Raiola to extend Pogba's contract