Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб машқҳои тактикӣ доир намуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ташкилоту корхона, бозору марказҳои савдо, иншооти маъмурӣ ва манзилҳои зисти сокинон Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишҳои нақшавӣ ва машқҳои тактикӣ мегузаронад. Чунин машқи тактикӣ дар  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори дунё”-и ноҳияи Фархор гузаронида шуд, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Бо сар задани сӯхтори шартӣ нахуст дастаи ихтиёрии оташнишонии бозор ба хомӯш намудани он шурӯъ кард. Сӯхторнишонон низ бо қабули занги телефонӣ фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Дар муддати кӯтоҳ алангаи оташ хомӯш карда шуда, амволи соҳибкорон наҷот дода шуд. Дастаи наҷотдиҳандагон чанд нафар аз осебдидагонро аз бозор берун бароварда, ба назди табибон бурданд ва ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб бо соҳибкорон ва маъмурияти бозор суҳбат ороста, оид ба пешгирӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тавре корманди ХДО ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадалӣ Мирзода иттилоъ дод, гузаронидани чунин машқҳои тактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва кормандони ташкилоту корхонаҳо натиҷаҳои хуб медиҳад.

Дар ноҳияи Восеъ низ аз ҷониби кормандони ХДО ВКД ҶТ машқи тактикӣ гузаронида шуд. Ин навбат машқи мазкур дар беморхонаи марказии ноҳия сурат гирифт. Кормандони хадамот дар муддати хеле кӯтоҳ оташи шартиро хомӯш карда, осебдидагонро аз бино берун бароварда, ба онҳо кумаки тиббӣ расониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»