Tajikistan

«ХИЁНАТ». Таҳти ин унвон намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар шабакаҳои марказии телевизионӣ идома дорад

Имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.

Дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро ки «тоҷик ба чунин вахшиёнат қодир нест, магар инони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода мешаванд.

Қисми 1 ва 2 филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» 16 ва 17 июн аз шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Синамо» нишон дода шуда, қисми 3 он шоми имрӯз тавассути шабакаҳои телевизионии болозикр намоиш дода мешавад. Филми «Хиёнат» инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» низ дастрас аст.

Football news:

Ex-agent Benzema: Karim can return to Lyon. I know that's what he wants
Arsenal are in talks with 21-year-old former nice defender Sarre
Setien on if Barcelona don't win La Liga: I bear a share of responsibility, but not all of it
Joan Laporta: if I were Xavi, I would never go to Barca under this management
Bayern, Atletico and Everton are Interested in Zaa
Joan Laporta: Messi is the best in history. We must create appropriate conditions for it
Mourinho on Bergwein in reserve: Klopp, Pep and Lampard you ask such questions