Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон тасдиқ гардид

«Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2023 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қарори мазкур бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» тасдиқ шудааст.

Тибқи фармони мазкур, моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳр Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе тибқи рӯйхати замимашуда таъсис дода шуда, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис диҳанд.

Ҳамзамон комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд.

Раиси шаҳри Душанбе Раёсати тандурустии шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, ки ба комиссияҳои даъват табибони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тибро, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, ҷалб намуда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд.

Инчунин ба шахсони масъул дастур дода шудааст, ки гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба таври тантанавӣ гузаронанд.

Тибқи қарор, Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва то 5 июни соли 2023 аз натиҷаи ҷамъбасти он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд маълумот пешниҳод намояд.

АКС аз бойгонӣ