Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 2026,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 2026,1 тоннаро ташкил дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-август ба маблағи 53 миллиону 400 ҳазор сомонӣ моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз 2026,1 тонна сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон — 1201,5 тонна, Суғд — 500,1 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон— 0,8 тонна, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат — 312,8 тонна, Турсунзода — 3,5 тонна, Рӯдакӣ — 2,5 тонна, Нуробод —2 тонна, Файзобод 1,9 тонна ва Шаҳринав 1 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 866 тонна намуди пешониғафси сафед, 165,9 тонна — зағорамоҳӣ, 344,9 тонна — гулмоҳӣ, 231,3 тонна — амури сафед, 6,1 тонна — суфмоҳӣ ва 411,9 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти  Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»