Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ХУШ ОМАДЕД ПАРЧАМБАРДОРОНИ ВАТАН! Ғолибони Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ханжоуи Чин ба Тоҷикистон баргаштанд

«Ховар»/. Шаби 29 сентябр ҷудочиёни тоҷик, ғолибони Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ дар Ханжоуи Чин  Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода ба Ватан баргаштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе варзишгаронро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, варзишгарону собиқадорони соҳа ва дӯстдорони варзиши мамлакат бо гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.

Зимни истиқбол Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир ба варзишгарон ва корнамоии онҳо баҳои баланд дод.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ки дар Ханжоуи Чин варзишгаронро ҳамроҳӣ менамуд, аз сабқатҳои варзишгарони тоҷик ба некӣ ёдовар шуда, зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ воқеан ҳам қаҳрамонӣ ва таърихсозӣ намуданд.


Тазаккур дода шуд, ки натиҷаи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандсозии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки варзишгарон имрӯз парчами мамлакатро боло мебардоранд.

Варзишгарон барои чунин шароити созгор ба роҳбарияти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки аз 22 сентябр то 8 октябр дар Ханжоуи Чин баргузор мегардад, ҷудочиёни тоҷик – Сомон Маҳмадбеков медали тилло, Темур Раҳимов медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Дар қисмати ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат намуда, бар ӯ бо як вазарӣ ғолиб омад ва сазовори медали тилло гардид.

Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу -2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.


Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври ниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромада буд.

Варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёи Ханжоу -2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) бар Кингдага аз Чин бо имтиёзи иппон зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»