Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад

«Ховар»/. Аз 3 то 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе»  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои ватанию хориҷӣ доир гардида, намоишҳои ҷолибу дидании фарҳангӣ, аксу мусаввараҳо пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон бо давлатҳои  бо мо дўсту бародар нақши созгор мегузорад.

Солҳои қаблӣ дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи мамлакат, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Русия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш мегузоштанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон