Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон моҳи октябр дар Тоҷикистон намоиши байналмилалӣ баргузор мешавад

Аз 3 то 5 октябри соли равон дар Тоҷикистон  Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус  26 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли равон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Қазоқистонро ба нақша гирифтааст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки моҳи сентябр нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ  дар назар буда, ба ин муносибат дар Кохи Борбад барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад.

Инчунин моҳи октябр Фестивали байналмилалии  «Чодари хаёл»-и театрҳои лӯхтак ва  ҳамзамон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон қарор аст моҳи ноябр ҷониби Тоҷикистон дар намоиши китобе, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон  ба нақша гирифта шудааст, иштирок намояд. 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»