Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба роҳ мемонад

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нақша дорад, ки тибқи вақти муқарраргардида, тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба анҷом расонад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Директори генералии корхонаи мазкур Раҷабалӣ Расулзода ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, корхона ба нақша гирифтааст, ки пардохти нақдиро тариқи гузаштан ба системаи биллингӣ, ки махзани иттилоотии молиявиро вобаста ба баҳисобгирии муштариён осон мегардонад, амалӣ намояд. «Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти фаъолияти худ гузаштан ба сиситемаи биллингиро муҳим мешуморад, зеро он чун махзани ягонаи иттилоотӣ тамоми муштариёни корхона, аз ҷумла аҳолӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва буҷавиро фаро гирифта, онҳоро ба ҳисоб  мегирад ва дар навбати худ ҳисобу китоби дақиқ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон гузаштан ба системаи пардохтҳои ғайринақдиро осон менамояд»,-изҳор дошт ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»