Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад

28 сентябр вохӯрии Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо ҳайти роҳбарӣ ва намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Директори идоравӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва Роҳбари намояндагии бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба нақшаҳои нави ҳамкорӣ барои давраҳои оянда дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан табодули афкор намуданд.

Барои иштироки фаъоли Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод карда шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»