Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд

28 сентябр гурӯҳи кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо муҳандисони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Масъулини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷавонони фаъоли Донишгоҳро бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби он, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои неругоҳ шинос намуданд.

Кормандону донишҷӯёни донишгоҳ барои фаъолияти назаррасу шабонарӯзӣ ва саҳми назаррас дар бунёди сохтмони иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кормандону сохтмончиёни он изҳор сипос намуданд.

НБО «Роғун» бузургтарин ва мондагортарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик пурра ба фаъолият оғоз хоҳад намуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода