Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд

9 июн гурӯҳи занону духтарони фаъол аз Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қарор дорад, ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омад. Онҳо нахуст ба яке аз қисмҳои низомӣ рафта, бо шароити зисту хизмати сарбозон шинос шуда, бо муҳофизони сарзамин оид ба дӯст доштани Ватану хизмати содиқонаву самимона кардан ба он, ҳифзи дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбат намуданд.

Тавре муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳусния Исоқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи занону духтарони Корвони «Модарони ваҳдатсаро»-ро раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода истиқбол гирифта, гуфт, ки занону модарон дар ободии кишвар, бахусус дар таъмини сулҳу ваҳдат нақши хеле муҳиму намоён доранд.

Меҳмонон дар саҳни Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунари кадбонуҳои ноҳия ошно гардиданд. Онҳо аз намоиши мазкур завқи баланд бурда, бо ҳунармандон ва маҳсули дасти онҳо шинос гардида, дар ин макон суҳбати гарми дӯстона оростанд .

Баъдан меҳмонон дар барномаи фарҳангии ҳунармандони ноҳия иштирок намуданд. Барномаи консертии омоданамудаи ҳунармандони ноҳия, ки аз тараннуми сулҳу дустӣ, ваҳдату якдилӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллии тоҷикона иборат буд, ки ба дили модарон шодию сурур бахшид.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаааст.

Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 80 нафар занону духтарони фаъолони кишвар шомил шудаанд, ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, аз 8 то 11 июни соли равон дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, бо сокинони деҳоти вилояти Хатлон оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо аз мавзеъҳои таърихию –фарҳангии вилояти Хатлон дидан менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба манотиқи дигари кишвар сафар кардааст.

Баргузории ингуна чорабиниҳо ба пойдории сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамояд.

АКС: МИҲД-и ноҳияи Ҳамадонӣ