Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд

Имрӯз қаҳрамони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои анҷом додани бозии даври дуюми Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 ба муқобили «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ байни ҳар ду даста 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.

АКС аз дастаи футболи «Истиқлол»