
Дар ҳошияи баргузории давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони Шӯрои амният, Прокуратураи генералӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд, зимни ҳамоиш раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, муовини Прокурори вилояти Суғд Умед Пулодӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент Сироҷ Сафаров, сардори Раёсати илми Вазорати маориф ва илм Обидҷон Саидзода ва сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Ҳусейн Шокиров доир ба мавзӯъ сухан гуфтанд.
ҲХДТ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию неруи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ