Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

МОИ «Кӯлоб» ва ширкати мисрии «TBA AlShatri» дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

14 май дар Душанбе дар доираи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср миёни МОИ «Кӯлоб» ва ширкати мисрии «TBA AlShatri» дар бораи таъсиси корхонаи муштарак дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Анҷумани тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби сафари сармоягузорон ва соҳибкорони Миср ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он беш аз 30 соҳибкор аз Тоҷикистон ва беш аз 10 намояндаи ширкатҳои мисрӣ дар бахшҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат доштанд.

Зимнан зикр гардид, ки тавофуқи сарони ду давлат, ки дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Миср моҳи марти соли равон ба даст омада буд, тадриҷан амалӣ карда мешавад.

Ба меҳмонони мисрӣ имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва ба соҳибкорони Тоҷикистон имконоти сармоягузории Миср пешкаш карда шуданд.

Пас аз имзои санадҳо миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Ташаббускорони анҷумани соҳибкорон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Акс: ПСС ҶТ